5 марти соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарият ва бонувони корманди бонк чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфт ва ба ҳар кадоми онҳо, пеш аз ҳама саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурфайзу пурсаодат, хонадони ободу осуда, сарсабзию шукуфоии ҳамешагӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намуд.
Ҷ.Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки модар воқеан азизтарин шахс барои инсон, чароғи фурӯзони ҳар хонадон, нахустин мураббию муаллими фарзанд ба ҳисоб рафта, ҳамеша сазовори меҳру муҳаббат ва эҳтирому ғамхорӣ мебошад.
Ҳамчунин, Ҷ.Нурмаҳмадзода зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо беш аз пеш мусоидат намуд. Пешвои муаззами миллат нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва дастгирӣ мекунанд.
«Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон – модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо босамар фаъолият доранд. Бовар дорем, ки занону модарон минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш хоҳанд кард, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд»,-иброз дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода.
Зимни чорабинии тантанавӣ таъкид гардид, ки дар фаъолияти бонкдории мамлакат низ нақши бонувон шоиста арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон занон дар ҳамаи зинаҳои кору роҳбарӣ мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат шаҳодат медиҳад. Инчунин, изҳори умедворӣ карда шуд, ки занону модарони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин орзуҳои нек Ҷамшед Нурмаҳмадзода табрикоти худро ба поён расонида, бори дигар ҳамаи бонувони азизу арҷманди Бонки миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми занони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат, ободию осудагӣ ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу намуд.
Ҳамчунин, бо дастур ва аз номи Пешвои муаззами миллат занони собиқадори бонк, ки солҳои тӯлонӣ барои рушди низоми бонкии кишвар софдилона заҳмат кашидаанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ чанде аз кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ба сухан баромада, бонувони корманди бонкро бо ҷашни Рӯзи Модар табрик ва таҳният гуфтанд ва дар васфи онҳо шеърҳо қироат намуданд.
Баъдан бо фармоиши Раиси Бонки миллии Тоҷикистон заҳмати содиқонаи як гурӯҳ бонувон, ки дар Бонки миллӣ фаъолияти пурсамар анҷом доданд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Шуъбаи матбуот