Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон - “Маркази матбуоти сол”

Бойгонии ахбор
12.03.2020

Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон - “Маркази матбуоти сол”

11 марти соли 2020 дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба таҷлили “Рӯзи матбуоти тоҷик” чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон “Маркази матбуоти сол” эълон гардид.

89762438_1581785868637540_4107229465128468480_n.jpg

Чорабиниро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ифтитоҳ намуда, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварро ба муносибати таҷлили “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрик намуд ва зикр кард, ки ин рӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995 инҷониб дар саросари Тоҷикистон чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Зулфия Давлатзода ҳамчунин таъкид дошт, ки аз оғози нашри аввалин шумораи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” дар соли 1912 то кунун журналистикаи тоҷик ҳамеша ҳамқадами замон ва ҳомии манфиатҳои миллӣ буд ва умедворем, ки минбаъд низ ин рисолати пурмасъулияти худро идома медиҳад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода аҳли қалами кишварро бо 108-солагии матбуоти тоҷик табрик намуда, зикр кард, ки васоити ахбори омма дар ҳама давру замон ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва рушди рӯзафзуни Ватани азизамон нақши арзанда доранд.

DSC_1436.jpg

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода низ намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони журналистикаи кишварро бо иди касбиашон табрик карда, барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар соли 2019 эълон намуд.

Дар рафти чорабинӣ ғолибон дар номинатсияҳои “Журналисти сол”, “Рӯзномаи сол”, “Телевизиони сол”, “Радиои сол” “Агентии иттилоотии сол”, “Маркази матбуоти сол” ва “Сармуҳаррири сол” муаррифӣ ва мукофонида шуданд.

Зимни муаррифии ғолиби номинатсияи “Маркази матбуоти сол” зикр карда шуд, ки Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти инъикоси масоили иқтисодӣ, аз ҷумла пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкӣ саҳми муассир дошта, бо ҷомеа, аз ҷумла намояндагони тамоми ВАО робитаи хубро ба роҳ мондааст.

Инчунин, дар ин рӯз як қатор собиқадорони журналистикаи тоҷик низ қадрдонӣ гардида, ба онҳо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку