Дар бораи ҶСДММ "Спитамен Суғурта"

Бойгонии ахбор
08.04.2020

Дар бораи ҶСДММ "Спитамен Суғурта"

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои 6, 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11, 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, қарори навбатиро аз 6 апрели соли 2020, таҳти № 49 ба тасвиб расонид, ки тибқи он Иҷозатномаи Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди "Спитамен Суғурта", барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол тамдид карда шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶСДМ “Спитамен Суғурта”, аз 7 апрели соли 2015, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидааст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку