Шӯрои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвар қарор қабул намуд

Бойгонии ахбор
14.04.2020

Шӯрои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвар қарор қабул намуд

13 апрели соли 2020

Вашингтон, округи Колумбия – Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева чунин изҳорот дод:

“Бо хушнудӣ ба иттилоъ мерасонам, ки имрӯз Шӯрои иҷроияи ХБА дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвари аъзои ХБА дар доираи механизми бознигаришудаи ХБА – Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат қарор қабул кард. Ин амал иқдоми ҷавобии Фонд барои мусоидат дар бартараф кардани оқибатҳои пандемияи COVID -19 мебошад.

Тибқи ин қарор ба давлатҳои камбизоат ва нисбатан осебпазири аъзои ХБА барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо дар назди ХБА дар давраи ибтидоӣ дар давоми шаш моҳи оянда грантҳо пешниҳод гардида, ба онҳо имкон медиҳад, ки захираҳои молиявии маҳдуди худро бештар барои расонидани ёрии фаврии тиббии ҳаётан муҳим ва дигар кӯмакҳо равона созанд.

Айни замон Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат метавонад наздики 500 млн. доллари ИМА барои сабук кардани хизматрасонии қарз дар асоси грантҳо, аз ҷумла уҳдадории қаблии Шоҳигарии Муттаҳида ба маблағи 185 млн. доллари ИМА, инчунин 100 млн. доллари ИМА, ки Япония дар шакли захираҳои фавран дастрасшаванда додааст, пешниҳод намояд. Дигар кишварҳо, аз ҷумла Хитой ва Нидерландия низ дар бораи саҳмгузории назарраси худ эълон мекунанд. Ман аз дигар донорҳо низ даъват менамоям, ки барои пурра кардани захираҳои Фонди трастӣ ва тақвияти минбаъдаи имкониятҳоямон барои пешниҳоди сабукиҳои иловагии қарз дар давоми ду сол ба кишварҳои камбизоати аъзои ХБА ба мо кӯмак расонанд.

Сабук кардани сарбории қарз имрӯз ба кишварҳои зерин татбиқ мегардад: Афғонистон, Бенин, Буркина-Фасо, Гаити,Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Ҷазираҳои Комор, Яман, Ҷумҳурии Демократии Конго, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигер, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷазираҳои Соломон, Серра – Леоне, Тоҷикистон, Того, Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ ва Чад.

Департаменти равобити ҷамъиятии ХБА

https://www.imf.org/ru/News/Articles/2020/04/13/pr20151-imf-executive-board-approves-immediate-debt-relief-for-25-countries


Возврат к списку