Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 14.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2020 таҳти №53 фаъолияти оператори низоми пардохти BLIZKO қатъ карда шуд.
Дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 29 апрели соли 2019, таҳти №45 ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (ҷамъияти саҳомии оммавӣ) дода шудааст, дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд гардид.
Мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот