Дар бораи ҶДММ “Cуғуртаи асри 21”

Бойгонии ахбор
23.04.2020

Дар бораи ҶДММ “Cуғуртаи асри 21”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи банди 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 1 боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият қарори навбатиро аз 23 апрели соли 2020, таҳти № 63 ба тасвиб расонид.

Тибқи қарори мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи асри 21” ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 16-уми феврали соли 2023 иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои ҶДММ «Суғуртаи асри 21” аз 18 сентябри соли 2017 ва 16 феврали соли 2018, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку