Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
01.05.2020

Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон

Паҳншавии пандемияи сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна бетаъсир намонд.

Бонки миллии Тоҷикистон  баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст.

Бо мақсади тақвият додани корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Руйдодҳои вақтҳои охир, яъне паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва таъғирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.

Вобаста ба ин, бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғ. Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби хеш №05.1-630/1591 аз 15.04.2020с. вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.  

Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро мувақаттан мавқуф гузоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.     

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 чораҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилотҳои хеш таъмин намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз пайдо шудани пандемияи   COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд.

Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку