Татбиқи усулҳои идентификатсияи фосилавӣ барои ҳамёнҳои электронӣ

Бойгонии ахбор
06.07.2020

Татбиқи усулҳои идентификатсияи фосилавӣ барои ҳамёнҳои электронӣ

Дар робита ба ҳолати ҷории пандемияи COVID-19 Гурӯҳи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (FATF) изҳоротеро дар бораи ҷонибдорӣ аз татбиқи равиши ба хавф нигаронидашуда интишор намуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки чорабиниҳои муқовимат ба қонунигиардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм набояд ба тақсими маблағҳои пулӣ байни онҳое, ки ба пул бештар эҳтиёҷ доранд, монеа эҷод намоянд.

Вобаста ба ин, дар шароити мураккаби эпидемиологӣ ва тадбирҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт рӯи даст гирифтааст,танзимгарони бахши молиявӣ фаъолона ба ҷорӣ намудани тартиби истифодаи каналҳои фосилаанҷоми хизматрасонӣ- аз қабул кардани маблағ барои хизматрасонӣ сар карда то анҷом додани пардохтҳо оғоз намуданд. Гузариш ба хизматрасонии фосилавӣ на танҳо ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, балки ба коҳиш додани хавфи паҳнашавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19, мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон дар ин росто истисно нест ва бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, № 1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаилоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ(IFC) доир ба хизматрасониҳои электронӣ ва рақамии молиявӣ, тартиби идентификатсияи фосилаанҷом барои маҳсулоти дорои хавфи кам, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ таҳия гардид.

Тартиби мазкуримкон медиҳад, ки он истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки таҷҳизоти электронии камерадор бо дастрасӣ ба интернет доранд, бо сабти рақам дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамёни электронӣ кушоянд. Минбаъд тавассути он барои пардохт кардани маблағи маҳсулоту хизматрасонӣ, интиқоли маблағҳои электронӣ байни шахсони воқеӣ ва ғайра имкон фароҳам меояд.

Бояд қайд кард, ки қабул намудани чунин тартиб ба рушди технологияҳои молиявӣ мусоидат карда, инчунинтадбири вокуниш ба пандемияи COVID-19 мебошад, зеро набудани зарурат ба ҳузури шахсӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти дорои хавфи кам ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки талаботи фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд.

Истеъмолкунандагон метавонанд ташкилотҳои молиявиеро, ки новобаста аз минтақаи зист ва дастрасии офисҳои корӣхизмати босифат мерасонанд, интихоб намоянд.

Ҳамчунин пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасонӣ бо сатҳи пасти хавф бидуни ҳозир шудани шахс ба бонкҳо имкон медиҳад, ки хароҷоти худро коҳиш дода, бештари маблағҳояшонро барои соҳаҳои дорои хавфи баланд сарф намоянд.

Бешак, тартиби нав ба афзудани рақобат байни ташкилотҳои қарзӣ мусоидат карда, онҳоро ба сармоягузорӣ ба платформаҳои технологӣ ҳавасманд месозад.

Ин нахустин иқдом барои зиёд намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мебошад ва иҷрои корҳои муайян дар самти санҷиши ҳаматарафаи фосилавии муштариён барои кушодани суратҳисобҳо ва амалиёт бо хавфҳои паст ба нақша гирифта мешавад.

Дар доираи андешидани чораҳои муносиби ҳифозатӣ, Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон хавфҳоро баҳогузорӣ намуд ва минбаъд чунин баҳогузорӣ мунтазам мукаммал карда мешавад. Бо назардошти ин баҳогузорӣба низомнома чораҳои коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ворид карда шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки муқаррароти нав ба равиши ба хавф нигаронидашуда, киFATF муқаррар кардааст, комилан мутобиқат дорад.

Дар назар аст, ки дар оянда якҷо боIFCяк силсила вебинарҳо барои ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади раҳнамоӣ дар самти санҷиши дахлдори хавфҳо, талаботи FATF ва хусусиятҳои ҷалби фосилавии муштариён гузаронида шаванд.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку