Оғози музокирот бо ҳайати ХБА: мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати ХБА

Бойгонии ахбор
19.08.2020

Оғози музокирот бо ҳайати ХБА: мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати ХБА

18 августи соли 2020 музокироти навбатии намояндагии вертуалии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) бо Бонки миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар доираи ин музокирот мулоқоти фосилавиро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал ҳусни оғоз бахшид.

NBTL1928.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама ҳайати ХБА-ро барои дастгирӣ ва кӯмаки саривақтии молиявӣ, ки барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ва пешгирии таъсири манфии он ба иқтисодиёти Тоҷикистон равона шуд, изҳори сипос намуда, омодагии хешро барои ҳамкории судманд ва татбиқи ислоҳотҳои иқтисодӣ иброз намуд.

Дар рафти мулоқот бо ҳайати ХБА, ки ба таври фосилавӣ сурат гирифт, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати ХБА-ро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ба бахши молиявӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва низоми пардохт, механизми идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, оид ба вазъи тавозуни савдо бо кишварҳои асосии шарикони тиҷорат ва таъсири он ба қурби самараноки воқеии пули миллӣ, бахши истихроҷи тилло, интиқоли маблағҳо, фишорҳои бозорӣ, нақшаи таҷдиди сармоя ва пардохтпазирӣ ва ислоҳоти пешниҳодшаванда дар доираи Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ дар назар аст, шинос намуд.

NBTL1905.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷумла қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади пешгирӣ аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакатро таҳия намуд ва дар доираи он як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар Кумитаи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои май-июли соли 2020 меъёри бозтамвилро ду маротиба таҷдиди назар карда, аз 3-юми августи соли 2020 онро дар сатҳи 10,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Ҳамзамон, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намуд, - таъкид намуд Ҷ.Нуралиев.

NBTL1812.JPG

Дар рафти музокира аз ҷониби иштирокдорон оид ба таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, баста шудани сарҳадҳо, иқтидори содиротии кишвар ва вобастагӣ аз воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сатҳи осебпазирии иқтисодиёти миллӣ аз пандемияи COVID-19 мубодилаи назар карда шуд.

Роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 ба низоми бонкӣ ва ислотҳои татбиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт баҳои мусбӣ дода, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

NBTL1911.JPG

Дар навбати худ, Ҷамолиддин Нуралиев барои ҳамкорӣ дар сатҳи нав, татбиқи барномаи нави ХБА-ро дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ  мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. “Мо барои татбиқи ислоҳотҳои нав ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла соҳаи низоми бонкӣ, бахши суғурта ва бахши сиёсати монетарӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро арз медорем”,-гуфт дар интиҳо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.

Маврид ба зикр аст, ки музокироти Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 август то 3 сентябри соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку