Ба имзо расидани қонунҳои низоми бонкӣ ва суғурта аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
25.08.2020

Ба имзо расидани қонунҳои низоми бонкӣ ва суғурта аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 августи соли 2020 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Дар баробари қонунҳои дигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои низоми бонкӣ ва суғурта, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” - ро имзо намуданд.

Қонунҳои мазкур дар рӯзномаҳои расмии кишвар, аз ҷумла “Ҷумҳурият” таҳти №149-150 (24 005) аз 11 августи соли 2020 ва №151 (24 006) аз 12 августи соли 2020 ва “Садои мардум” №96-97 (4202-4203) аз 11 августи соли 2020 ва №98 (4204) 13 августи соли 2020) ба табъ расида, эътибори қонунӣ пайдо кардаанд.

Нусхаи электронии қонунҳои мазкур ва тавзеҳи алоҳида оид ба қонунҳои зикршуда дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку