Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
11.09.2020

Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН эълон менамояд:

Идораи низоми пардохт

Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди
хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • маълумоти олии иқтисодӣ ё олии техникӣ, марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • донистани бизнес равандҳои низоми пардохтӣ (Visa, Mastercard, Western Union, Money Gramm) ва ғайра;
  • доштани маълумот оид ба хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва тарзи кории онҳо, аз ҷумла РОS-терминалҳо ва бонкоматҳо;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилӣ ва идораи хавфҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point);
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ, молия ва ё оператори мобилӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, раванди технологии пардохти бонкӣ (хизматрасонии амалиётӣ, фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/эмиссия/эквайринг) ва ғайра.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешаванд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23.09 с.2020

Возврат к списку