Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
23.09.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи омор ва тавозуни пардохт
I
мутахассиси пешбари шуъбаи омор (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол
  • малакаи касбии кор бо компютер-MsOffice (Word, Exel, Power Point) ҳатмӣ;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои оморӣ;
  • донистани забонҳои барномасозӣ ва дигар барномаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II
Сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳоииттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
  • малакаи касбии кор бо компютер-MsOffice (Word, Exel, Power Point) ҳатмӣ;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои оморӣ;
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ, ва диаграммаҳо;
  • донистани забонҳои барномасозӣ ва дигар барномаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
  • таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
  • малакаи касбии кор бо барномаҳои компютер– MsOffice (Word, Exel, Power Point) ҳатмӣ;
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ, ва диаграммаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Идораи низоми пардохт

IV
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди
хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё олии техникӣ, марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • донистани бизнес равандҳои низоми пардохтӣ (Visa, Mastercard, Western Union, Money Gramm) ва ғайра;
  • доштани маълумот оид ба хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва тарзи кории онҳо, аз ҷумла РОS-терминалҳо ва бонкоматҳо;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилӣ ва идораи хавфҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point);
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ, молия ва ё оператори мобилӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, раванди технологии пардохти бонкӣ (хизматрасонии амалиётӣ, фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/эмиссия/эквайринг) ва ғайра.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 44 600-32-32; 44 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 05.10. 2020




Возврат к списку