Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии маҷмӯии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2020 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад.Озмун дар доираи ширкатҳои эътирофшудаи аудиторӣ гузаронида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 5 ноябри соли 2020 муқаррар шудааст.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии зерин ирсол намоянд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А,
Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ.
Тел.: +(992 44) 600 32 79, +(992 44) 600 31 40;
е-mail:d_nigmonova@nbt.tj; n_salikhova@nbt.tj
Маълумоти асосӣ дар бораи хизматрасонӣ ва шароити кор дар Замимаи 1 баён шудааст.