Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2020, таҳти №140, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшо Ҷурахон барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи кишвар, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсолоти воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар изҳори боварӣ кард.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳбари боз як Бонки навтаъсис дар кишвар барои фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва сазовор гардидан ба боварии Сарвари давлат муваффақият орзу намуда, омодагии хешро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019) ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” табдил дода шуда, ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.
Шуъбаи матбуот