Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2020 таҳти №144, мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба UnionPay International Co., Ltd. (ЮнионПэй Интернешнл), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии UnionPay International ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор карда мешавад, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуот