27 октябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон даври навбатии семинар-тренинги фосилавӣ дар ҳамбастагӣ ва иқдоми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кормандони низоми бонкии кишвар ба кори худ шурӯъ кард. Даври навбатӣ дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР роҳандозӣ гардида, дар рафти он бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо мавриди омӯзиши беш аз 500 намояндагони низоми бонкӣ қарор гирифт.
Кори семинар-тренинги омӯзиширо муовини директори департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев ҳусни оғоз бахшида изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории минбаъдаи БАТР бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфта, дар оянда самтҳои гуногун ва фарохро фаро хоҳад гирифт.
Сипас Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба сухан баромада, нахуст ба намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати ташкил ва баргузории дуввумин семинар-тренинги омӯзишӣ барои кормандони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бахши молиявии кишвар якчанд лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
“Чорабинии имрӯза низ яке аз қисматҳои барномаи “Дастгирии маблағгузории савдо” буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои институтҳои молиявии байналмилалиро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, изҳори умед мекунад, ки БАТР минбаъд низ чунин барномаҳои таълимиро барои мутахассисони бахши молиявии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд”, - гуфт зимни суханронӣ Муовини Раис Ҳоким Холиқзода.
Дар идомаи маросими ифтитоҳ роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова барои ҳамкории доимӣ ва судманд, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории омӯзиши фосилавӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР омода аст, барои рушду нумӯи низоми бонкӣ ва маблағгузории савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои омӯзиширо бештар роҳандозӣ намуда, доираи шунавандагони онро зиёд намояд ва талошҳои якҷояи мо бо Бонки миллӣ тавонанд ба рушди низоми молия саҳми арзанда дошта бошанд. Айтен Рустамова зикр намуд, ки пандемияи COVID-19 моро барои мутобиқ шудан ба шароитҳои гуногуни корӣ, идома додани фаъолият дар ҳамкорӣ баҳри пешрафти низоми молия, истифода намудани имкониятҳои муосир, аз ҷумла кор дар фосила ва беш аз ҳама омӯзиши фосилавӣ раҳнамун сохт. “Маҳз дар доираи чунин имкониятҳои муосир дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР мо қаблан тавонистем дар марҳилаи аввали таҳсил 200 нафарро бо омӯзиш фаро гирем ва имрӯз бошад, беш аз 500 нафар кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар омӯзиши фосилавӣ ширкат варзида, тахассусияти худро дар самти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо такмил хоҳанд дод. Намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ омӯзиши фоиславиро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ “GoingGlobal” мегарданд.
Дар оғози машғулият, ки баъди маросими ифтитоҳӣ шурӯъ шуд, мутахассиси варзидаи молиявӣ (БАТР) Виталий Кисленко дар мавзӯи бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо рӯнамоии худро манзури иштирокдорон гардонид.
Дар рафти семинари фосилавӣ оид ба пешгӯии Палатаи савдои байналмилалӣ дар мавриди таъсири пандемияи COVID-19 ба бозори ҷаҳонии молиявии савдо, усулҳои пардохт дар савдои байналмилалӣ ва нақши амалиёти ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои байналмилалии “Интеркомс 2020”, афзалиятҳо барои кам кардани хавфҳо ва имконияти гирифтани қарзи ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла интихоби маблағгузории рақобатпазир аз бонкҳои байналмилалӣ бо фоизи паст, намудҳои кафолати бонкӣ, мақсад ва бартарии онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Ба иштирокдорони семинар оид ба марҳилаҳои мубодилаи дороиҳо ва истифодаи дурусти фишангҳои маблағгузории савдо бо ҳавасмандкунӣ дар асоси шартҳои созишномаи тиҷоратии иқтисоди хориҷӣ, фарқияти байни шартҳои қарз ва фишангҳои маблағгузории савдо, аккредитивҳои байналмилалӣ ва кафолат, ҳудуд ва бартарияти шартномаҳо, тавсияҳои ниҳоӣ оид ба рушд ва истифодаи имкониятҳои Барномаи муосидат ва рушди савдои БАТР фаҳмонида дода шуд. Машғулияти омӯзишии фосилавӣ барои мутахассисони низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (фронт-офисҳо), кор бо хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла назорати асъорӣ, сохторҳои қарзӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки семинари мазкур дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР роҳандозӣ гардида, дар рафти кори он Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова, муовини директори Департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев ва кормандони Департаменти назорати бонкӣ иштирок доштанд.
Шуъбаи матбуот