Мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори навбатиро аз санаи 19 ноябри соли 2020, таҳти №155 ба тасвиб расонид, ки дар асоси он ба Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид созад.
Шуъбаи матбуот