Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
22.12.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи ҳуқуқ

Сардори бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таияи хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарӣ дорад;
  • маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 2 сол);
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

Сармутахассиси бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкуни ва дигар;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 04.01 с.2021

Возврат к списку