23 декабри соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кормандони низоми бонкии кишвар семинари омӯзишии фосилавиро дар мавзӯи “Хавфҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамгироӣ ва рушди cавдои БАТР” баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР хонум Камола Маҳмудова, сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон ва беш аз 700 намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи фурӯши маҳсулоти бонкӣ, маблағгузории савдо, идоракунии хавфҳо, идоракунии муассисаҳои байналмилалии бонкӣ, назорати асъор, қарздиҳӣ ва ҳуқуқӣ ширкат доштанд.
Семинар-тренинги омӯзиширо Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар доираи ҳамкориҳои дарозмуҳлати Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР барномаҳои муҳим бо мақсади дастгирӣ ва рушди бахши молиявии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешаванд, ки ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокдорони бозори молиявии кишвар аз зумраи онҳост. Ташкили васеи омӯзиши фосилавӣ дар доираи барномаи дастгирии маблағгузории савдо як бахши ин барномаи таълимӣ буда, то имрӯз беш аз 500 нафар кормандони ташкилотҳои қарзиро фаро гирифтааст.
“Семинар-тренинги мазкур яке аз компонентҳои барномаи “Дастгирии маблағгузории савдо” маҳсуб ёфта, дар доираи он фишангҳои кам кардани хавфҳо дар мисоли истифодаи фишангҳои байналмилалии маблағгузории савдо, мутобиқати фишангҳо, пӯшонидани хавфҳо, пешгирии онҳо ва дигар имкониятҳо мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Чорабинии имрӯза сеюмин даври омӯзишии фосилавӣ буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявие, ки дар самти маблағгузории савдо фаъолият мекунанд, равона шудааст”, - иброз дошт М.Накҳатзода.
Дар идомаи маросими ифтитоҳ роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова сухан карда, нахуст барои мусоидат ва шароит фароҳам овардан дар баргузории барномаҳои таълимии фосилавӣ ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. “Тренингҳои мазкур на танҳо ба ташкилотҳои қарзии шарики ҳамкори мо дастрас ҳастанд, балки бо мусоидати Бонки миллии Тоҷикистон имконият фароҳам оварда шуд, ки тамоми намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар ин даврҳои омӯзишӣ тариқи онлайн фаъолона ширкат варзида, малакаи тахассусии худро дар самти маблағгузории савдо баланд бардоранд”. Хонум Айтен Рустамова қайд кард, ки тренингҳои фосилавӣ барои рушди имкониятҳои нав дар бозори Тоҷикистон манфиатовар буда, ба васеъ шудани доираи маблағгузории савдо ва рушди иқтисодиёти минбаъдаи кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Дар идома муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова малакаю қобилияти кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистонро махсусан зикр намуда, таъкид дошт, ки донишу таҷрибаи кормандони низоми бонкии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар давлатҳои минтақа ба маротиб беҳтар гардидааст, ки мо шарикони ҳамкорро руҳбаланд сохта, барои барномаҳои нав ҳавасманд месозад.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассиси варзидаи молиявии БАТР Виталий Кисленко рӯнамоии таълимии худро дар мавзӯи “Хавфҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамгироӣ ва рушди cавдои БАТР” манзури шунавандагон гардонид.
Рӯнамоиро намояндагони тамоми ташкилотҳои карзии молиявии кишвар аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ба таври фосилавӣ тамошо карда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор намуданд. Иштирокдорони семинар тавонистанд, ки ба пурсишҳои худ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷиву дохилӣ посух пайдо намуда, таклифу пешниҳодҳои худро пешкаш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР роҳандозӣ гардида, дар ду марҳилаи аввали таҳсил 700 нафар бо омӯзиш фаро гирифта, тахассусияти худро дар самти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо такмил доданд. Намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ баъди хатми омӯзиши фосилавӣ, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ “GoingGlobal” мегарданд.
Шуъбаи матбуот