Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдомҳои хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти кӯмак ба табақаҳои осебпазири ҷомеа дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” кӯмак расонида шуд.
Кӯмакҳои мазкур беш аз 1 тонна маводи хӯрока (равған, биринҷ, гречка, переловка, макарон, донагӣ), 14 номгӯй либоси зимистона аз қабили болопӯш, жемпирҳои мардонаю занона, мӯза, кӯлоҳ ва ғайра барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 ва дастгоҳи барқии гармидиҳанда, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводҳои гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ ва навъҳои гуногуни ширинӣ иборат мебошад. Кӯмаки мазкур аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дастрас карда шуда, аз вазъи шароити зисти бошандагон дидан карда шуд ва либосҳои гарму туҳфаҳо супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.
Шуъбаи матбуот