Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Бойгонии ахбор
31.12.2020

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020, таҳти №166 дар асоси моддаҳои 6 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ тавассути аз нав ба расмиятдарорӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 таҳти №10 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку