Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қарори навбатиро аз 29 декабри соли 2020 таҳти №173 ба тасвиб расонид.
Дар асоси қарори мазкур шакли намунавии полиси суғуртавии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт (замима мегардад), тасдиқ карда шуд.
Минбаъд ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд шакли намунавии полиси суғуртавии тасдиқшударо истифода баранд.
Шуъбаи матбуот