Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!
Даъватномаи иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар
оид ба интизориҳои таваррум.
Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, тел: (44) 600 3145, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатӣ бо аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват менамояд (Е-mail: fsalimov@nbt.tj).
1.Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.
2.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 12.02.2021
Вазифаҳои техникӣ
Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;
Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;
Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбандӣ карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;
Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel инчунин ҳисоботи таҳлилӣ формати Word ва Power Point.
Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.