21 январи соли 2021 дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ҳузури Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони Раиси БМТ Накҳатзода Моҳбону, Толибзода Фирдавс, Ёқубзода Мирҳаёт ва иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва сохторҳои калидии Бонк, вазъи низоми бонкӣ дар соли 2020 ҷамъбаст карда шуда, нақшаҳо барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким оғоз намуда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат намудан ба устувории иқтисодиёти миллӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, баҳри боз ҳам вусъат додани фаъолият дар ин самт дар соли 2020 чораҳои таъхирнопазир андешид.
Зикр карда шуд, ки дар соли 2020 бинобар таъсири пандемияи COVID-19 ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон ва омилҳои таъсиррасон аз қабили ҷоришавии ҳолатҳои карантинӣ дар баъзе аз давлатҳои ҳамсоя, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ ва амсоли инҳо то андозае ба низоми бонкии кишвар низ таъсири худро расониданд. Аммо дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ баҳри дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла бо мақсади коҳиш додани арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда мавриди тағйиру таҷдид қарор додани меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, имкон фароҳам оварда шуд, ки низоми бонкӣ дар давраи мушкил ҳам барои дастгирии иқтисодиёти миллӣ фаъол бошад.
“Сарфи назар аз мушкилиҳои баамаломада Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва устувории низоми бонкии кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома медиҳад”, - изҳор дошт Ҳ.Холиқзода.
Дар идома, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев роҷеъ ба ислоҳотҳо ва тадбирҳои дар ин давра амалишуда, ки бо назардошти таҳлилу омӯзиши вазъи иқтисодии давлатҳои иқтисодашон пешрафта дар такя ба захираҳои байналмилалӣ ва хавфҳои қурбии ин кишварҳо асоснок шудааст, шарҳи мухтасарро манзури ҳозирин гардонид. Аз ҷумла баҳри дуруст ба роҳ мондани идоракунии хавфҳо, мукаммал намудани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди саҳеҳи ҳисоботҳо, баланд бардоштани сатҳи миёнаравии молиявӣ ва ғайра аз ҳозирин даъват ба амал овард.
Роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии кишвар дар соли 2020 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс баромад карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба натиҷаҳои ноилгардида ва омилҳои таъсиррасон ба низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ, махсусан ба масъалаи меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, сатҳи даромаднокии дороиҳову сармоя ва коҳишёбии қарзҳои ғайрифаъол, уҳдадориҳои низоми бонкӣ, пардохтпазирӣ, сатҳу сифати сандуқи қарзӣ, меъёри фоизӣ, сатҳи миёнаравии молиявӣ ва ғайра ҷалб намуд.
Дар идома, сардорони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Идораи суботи молиявӣ Н.Қурбоналиева оид ба устувории молиявии низоми бонкӣ ва хавфи таҷаммуъ, муовини директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор О.Абдусаломов оид ба вазъи бозори дохилии асъор, муовини директори Департаменти мониторинги молиявӣ Ф.Билолов аз рафти иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар низоми бонкии кишвар, муовини сардори Идораи низоми пардохт Ҷ.Аминҷонов аз вазъи низоми пардохт ва бозори кортҳои пардохтӣ, инфрасохтор ва динамикаи афзоиши онҳо, муовини директори Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Д.Ғаниев аз вазъи низомҳои автоматишудаи низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, таъмини амнияти иттилоот ва хавфҳои асосӣ, муовини сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ У.Бозоров аз ҳолати қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ҳалли муроҷиатҳо шарҳи мухтасар дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба вазъи низоми бонкӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мудирони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот доданд.
Дар бахши музокирот роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар низ ба муҳокима баромаданд, аз ҷумла Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" С.Икромӣ, муовини якуми Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Ш.Исматуллоев, Раиси Раёсати ҶСП Бонки “Арванд” Ш.Содиқова ва дигарон андешаҳои худро дар робита ба масъалаҳои баррасигардида баён доштанд.
Зимни таҳлил аз ҷаласаи ҷамъбастӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид бар он дошт, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт махсус мебошад. “Дар шароити ҳассоси соли 2020 новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ва хавфҳои мавҷуда, низоми бонкӣ фаъолият карда ва дастовардҳо низ буданд”, - изҳор дошт Н.Ҳикматуллозода. Бо вуҷуди ин зарур дониста мешавад, ки барои фароҳам овардани имконияти бештар дар самти қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус дастгирии соҳибкории ватанӣ дар самти истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаи ба содирот нигаронидашуда, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, идоракунии корпоративӣ, фаъолнокии бахши воқеӣ, бахусус истеҳсолот таъмин гардида, таваҷҷуҳи бештар ба ҷалби сармоя нигаронида шавад.
Дар баробари ин Н.Ҳикматуллозода махсусан таъкид дошт, ки соли 2021 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихӣ буда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст ва таҷлили он бо дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои назаррас бояд дар сафҳаи таърих нақши худро дошта бошад.
Дар фароварди ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким аз таваҷҷуҳи махсус ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии низоми бонкӣ ва дастуру ҳидоятҳои беназирашон ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар изҳори сипосу эҳтиром намуда, таъкид бар он дошт, ки низоми бонкии кишвар – ҳамчун соҳаи муҳим дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ба самтҳои афзалиятноки кишвар, бахусус барои ноил гаштан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунони босуръати кишвар равона намудааст. Аз ин лиҳоз, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир, инчунин зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла бо маблағҳои қарзӣ таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, бахусус соҳибкории хурду миёна, истеҳсолкунандагони ватанӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодиёти миллӣ, ки омили асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошанд, чораҳои таъхирнопазир андешида, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва васеъ кардани қарздиҳӣ ба иқтисодиёт чораҳои зарурӣ андешидан муҳим арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи матбуот