Дар бораи ҶСП “Скай Кейтеринг”

Бойгонии ахбор
28.01.2021

Дар бораи ҶСП “Скай Кейтеринг”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” қарори навбатиро аз 25 январи соли 2021, таҳти №23 ба тасвиб расонид, ки тибқи он ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Скай Кейтеринг” оид ба анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст, дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку