Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2021 таҳти №22, мутобиқи банди 16-и “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2021” тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи натиҷаи фаъолияти солона (аз 01 январ то 31 декабри соли 2020), ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз ва 1 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз шомил гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.
Шуъбаи матбуот