Бинобар сабаби бозхонд гардидани иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии “Народный банк” аз ҷониби Бонки Россия (№ОД-1174, аз 24.07.2020) барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” (аз 04.02.2021,№25) қарори навбатиро ба тасвиб расонид, ки дар асоси он иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии “Народный банк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Народная” бозхонд карда шуд.
Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот