Дар бораи ҶДММ “Кроу Хорват-ЭЙСИҶИ”

Бойгонии ахбор
23.02.2021

Дар бораи ҶДММ “Кроу Хорват-ЭЙСИҶИ”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 10 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарори навбатиро аз 19 феврали соли 2021, таҳти №34 ба тасвиб расонид, ки тибқи он бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ҶДММ “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” ҷиҳати анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 6 сентябри соли 2021 иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” аз 3 феврали соли 2020, аз эътибор соқит дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку