Дар бораи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”

Бойгонии ахбор
23.02.2021

Дар бораи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 таҳти №35 дар асоси моддаҳои 6 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин бобҳои 11 ва 54-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатнома, ба ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз 3 январи соли 2019 таҳти №2 беэътибор дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки оид ба қарори мазкур ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку