Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бойгонии ахбор
02.03.2021

Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Тибқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, таҳти №39 бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, дар асоси моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11 ва 561 “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” ОНП №00001, ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шуда, Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку