Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2021, таҳти №44 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ДС суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Зимни супоридани иҷозатнома, ки 15 марти соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гашт, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз директори ҶДММ “ДС суғурта” Ашуров Баҳром барои рушди бозори суғурта, тақвият бахшидани доираи маҳсулоти муосири суғуртавӣ ва ба ин васила мусоидат дар таъмини рақобати солим дар бозори суғуртаи кишвар изҳори боварӣ намуд.
Ҳамзамон, Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот