Табдили номи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд»

Бойгонии ахбор
26.03.2021

Табдили номи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд»

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд номи «маркази хизматрасонии бонкӣ» танҳо ба бонкҳо маҳсуб ёфта, марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои маблағгузории хурд «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» ном бурда мешаванд.

Тағйиру иловаҳои мазкур ба “Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо” аз ҷониби Раёсати БМТ 19 январи соли 2021, таҳти №7 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021, №559 “ғ” ба қайд гирифта шуданд.

Тибқи санади мазкур номи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» иваз карда шуда, тағйиру иловаҳо бо мақсади мушаххасан пешбинӣ ва муайян намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкии бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ ва мафҳуми маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ таҳия шудааст.

Бинобар ин, ташкилотҳои маблағгузории хурд вазифадоранд, вобаста ба тағйиру иловаҳои дар Тартиби мазкур воридшуда ҳамаи овезаҳо ва лавҳаҳои марказҳои хизматрасонии худро дар муҳлати наздиктарин ба талабот мутобиқ намоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку