30.03.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи омор ва тавозуни пардохт
I
сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
- донистани забонҳои барномасозӣ ва дигар барномаҳо;
- қобилияти таҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
II
сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
- таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
- малакаи касбии кор бо компютер MsOffice (Word, Exel, Power Point);
- донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ, ва диаграммаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
- дониши хуб оид ба қонунгузориҳои низоми бонкӣ, оморӣ – стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омор.
III
сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
- донистани забонҳои барномасозӣ;
- қобилияти таҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
IV
сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
- малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MsOffice (Word, Exel, Power Point);
- донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- дониши хуб оид ба қонунгузориҳои низоми бонкӣ, оморӣ – стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омор.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 2 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
-
Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 12.04. 2021