Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, таҳти №46 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби иваз шудани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДО” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ЭКОВИС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати то 1 июни соли 2022 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДО” аз 21 июни соли 2017 беэътибор дониста мешавад.
Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот