16.04.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Бахши харид
Сардори бахш (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-
малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмист;
-
доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Word, Exel, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
-
донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории соҳаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
доштани таҷрибаи мутахассиси соҳаи харид на камтар аз 3 сол;
-
малакаи кор дар портали хариди давлатӣ (eprocurement.gov.tj)
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 4 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
Нусхаи билети ҳарбӣ;
-
Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешаванд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
-
барои маълумот тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28.04 с.2021