Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ, таъмин намудани субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад.
Ба ин васила, 19 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ва роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзии молиявӣ роҷеъ ба вазъи бозори дохилии асъор ҷаласа доир шуда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор гардиданд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёни худро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.
Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд.
Ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 – 15-20 муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуот