Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (ICA) якчанд лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла семинарҳои омӯзишии фосилавиро роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа теъдоди муайяни мутахассисон соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ шуданд.
Дар доираи ҳамкориҳои мазкур 20 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Ҳикматулло, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова, муовини директори Департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, президенти Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс ҷаноби Билл Ховарт ва намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ҷамъомад баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи бахши молиявии кишвар, аз он ҷумла низоми бонкӣ арзи сипос намуда, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бахши молиявии кишвар якчанд лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
“Чорабинии имрӯза низ яке аз қисматҳои барномаи “Дастгирии маблағгузории савдо” буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона шуда, имкон фароҳам овард, ки 700 нафар намояндагони бахши молиявӣ, ки 270 нафари онҳо имрӯз соҳиби шаҳодатнома мегарданд, ба омӯзиш ҷалб ва соҳиби шаҳодатномаи Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) гарданд.
Дар баробари барномаи дастгирии маблағгузории савдо, БАТР дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс бо мақсади тақвияти фаъолияти низоми идораи хавфҳо ва комплаенс ба мутахассисони бахши молиявӣ идрорпулӣ (стипендия) муқаррар намуд, ки имрӯз ба 23 нафар намояндагони 12 ташкилоти қарзии мамлакат шаҳодатномаи Ассотсиатсияи Байналмилалии комплаенс оид ба мубориза бар зидди шустушӯи пул дар бахши савдо, “Муштарии худро бидон” ва “Санҷиши зарурии мизоҷ” супорида мешавад”, - иброз дошт Ҳ.Холиқзода.
Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова дар навбати худ ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ҳамкории самарабахшро дар самти мазкур идома хоҳанд дод.
Муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова зимни суханронӣ чунин иброз дошт: “БАТР ин гуна семинарҳои омӯзиширо қаблан дар ташкилотҳои қарзии шарик роҳандозӣ намудааст. Минбаъд бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар амал татбиқ гардида, дар он намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок ва дар самти маблағгузории савдо маълумоти муфид ба даст меоранд, ки барои пешрафти низоми бонкии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард”.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, муовини директори Департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев ба 270 нафар хатмкунандагон, ки наздики 50 нафари онҳоро кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ “GoingGlobal” ва ба 23 нафар намояндагони 12 ташкилоти қарзии мамлакат шаҳодатномаи Ассотсиатсияи Байналмилалии комплаенс супорида шуд.
Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷамъбаст намуда, чунин изҳор дошт: “Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои институтҳои молиявии байналмилалиро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, изҳори умед мекунад, ки БАТР минбаъд низ роҳандозӣ намудани чунин барномаҳои таълимиро барои мутахассисони бахши молия ва бонкии Тоҷикистон идома медиҳад”.
Шуъбаи матбуот