Дар бораи ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”

Бойгонии ахбор
03.05.2021

Дар бораи ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, таҳти №71 иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”, ки 10 апрели соли 2013, таҳти №67 дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Расмиёти минбаъда дар бораи барҳамдиҳии ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя” тибқи қонунгузории ҷории амалкунанда татбиқ карда мешавад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку