Дар бораи “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён”

Бойгонии ахбор
04.05.2021

Дар бораи “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, таҳти №76 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз 25 июли соли 2014, таҳти №0000043 аз эътибор соқит карда шуд.

Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои Бюроҳои таърихи қарз сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку