16 майи соли 2021 дар саросари кишвар Рӯзи дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин суханронӣ карда, рушди варзиш дар кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтро махсус таъкид намуданд ва барои иштирокчиён барору комёбиҳо орзу карданд.
Ҳамин тавр, Дави миллии имсола аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ зиёда аз 10 км масофаро тай карданд. Дар Дави миллӣ намояндагони касбу кори гуногун - варзишгарон, ҷавонон, бонувон, кормандони мақомоти давлатӣ ва меҳмонону сайёҳон иштирок доштанд. Аз ҷумла, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар Дави миллӣ фаъолона ширкат карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкорона ва худогоҳию худшиносиро тарғиб менамояд, собит карданд.
Бинобар маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дави миллии имсола 295 621 нафар сокинони ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 96 101 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шаҳри Душанбе бошад, имсол беш аз 43 850 ҳазор нафар дар чорабинии варзишӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ҳамасола доир мегардад. Бори аввал, 17 майи соли 2005 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ ба Дави миллӣ ибтидо гузоштанд. Баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, таҳти №225 дар бораи ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор кардани Рӯзи дави миллӣ ба имзо расид. Ҳамин тавр, бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар ҷомеа ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ Дави миллӣ гузаронида мешавад.
Шуъбаи матбуоти БМТ