Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021, таҳти №97 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” қатъ карда шуд.
Дар асоси қарори мазкур амали Иҷозатномаи №НС-07-59, ки ба ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”, тибқи қарори Комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2016, №22 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртаи мутақобила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, қатъ карда шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот