Эълон

Бойгонии ахбор
26.05.2021

Эълон

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар онҳо мудир таъин намудааст. Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ, бо суроғаи https://nbt.tj/tj/banking_system/tashkilothoi_karzii_dar_holati_barhamdi_karordoshta.php ҷойгир намудааст. Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку