Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №102 бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатнома, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2019, №88 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот