Дар бораи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”

Бойгонии ахбор
25.06.2021

Дар бораи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2021, таҳти №108 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” қонеъ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 марти соли 2012, №59 дода шудааст, бозхонд карда шуда аз эътибор соқит дониста мешавад.

Мақомоти ваколатдори ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” вазифадор карда мешавад, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку