Баррасии вазъи бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2021

Бойгонии ахбор
15.07.2021

Баррасии вазъи бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2021

14 июли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким оид ба ҷамъбасти фаъолияти бозори суғуртавӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2021 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва роҳбарони сохторҳои Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

NBTL1328.JPG

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким оғоз бахшида, бозори суғуртаро яке аз бахшҳои муҳими низоми молиявӣ дар ҷаҳони муосир хонд, ки дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд.

“Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгар, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлат, дар рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми босазо мегузорад. Таҳлили бозори суғурта ва нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ аз он далолат медиҳанд, ки бахши суғурта дар бозори молиявии кишвар мақоми худро устувор карда истодааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳаҷми сармоягузориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба низоми молиявӣ 294,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки аз он 258,8 млн. сомонӣ ба саҳмияҳои дигар ташкилотҳо, 34,0 млн. сомонӣ ба пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ва 1,3 млн. сомонӣ ба дигар сармоягузориҳо рост омада, ташкилотҳои суғуртавӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлат 9,8 млн. сомонӣ андоз пардохт намуданд ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 71,7 фоиз зиёд мебошад”, - зикр намуд Ҳоким Холиқзода.

NBTL1339.JPG

Дар баробари ин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким таъкид кард, ки таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, таҳти №211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” имкон дод, ки сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба маблағи 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 89,9 фоиз зиёд гардад. Ҳамзамон ба бозори суғуртаи кишвар ворид гардидани 2 ташкилоти суғуртавии навтаъсис (бо маблағи умумии сармояи оинномавӣ 22,0 млн. сомонӣ) ба ин раванд мусоидат кард.

NBTL1360.JPG

Зимни ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким баъзе аз масъалаҳои муҳими бахши суғуртаро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамкории ташкилотҳои суғуртавиро бо бахши иқтисодиёти миллӣ муҳим арзёбӣ намуд, ки дар ин самт барои ташкилотҳои суғуртавӣ дар бозори суғурта имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Зикр гардид, ки дар баробари ҷой доштани тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои бозори суғурта, ташкилотҳои суғуртавии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва тақвият бахшидани доираи хизматрасониҳои нави муосир, вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва зиёд кардани намудҳои суғуртакунонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар идомаи ҷаласа, сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳусейнова Дилбар доир ба “Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021” рӯнамоии муфассалро манзури ҳозирин гардонид. Номбурда аҳли нишастро бо нишондиҳандаҳои асосии бозори суғурта ва тағйирёбии онҳо шинос намуда, аз натиҷаҳо, мушкилиҳо, вазифаҳо ва нақшаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2021 маълумот пешкаш намуд.

NBTL1389.JPG

Дар рафти муаррифии рӯнамоӣ қайд гардид, ки ба санаи 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ 19 адад ташкилотҳои суғуртавӣ амал намуда, дороиҳои онҳо ба санаи ҳисоботӣ 513,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28,1 фоиз зиёд гардидааст. Дороиҳои низоми суғурта бошад, нисбат ба ММД аз сатҳи 1,0 фоиз зиёд шуда, дар ин давра бори аввал он ба 1,3 фоизи ММД баробар шуд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ дар умум 921 792 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 187 743 адад зиёд мебошад.

Пас аз муаррифии рӯнамоӣ иштирокдорон ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда андешаҳои худро баён доштанд.

NBTL1315.JPG

Дар фаровард, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким натиҷаҳои фаъолияти бозори суғуртаро дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷамъбаст намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи бозори суғурта дар кишвар зарурати роҳандозӣ намудани як қатор тадбирҳои саривақтиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, зарурати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 марти соли 2020, таҳти №211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)”, ҷобаҷогузории самараноки дороиҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти суғуртакунонии маҳсулотҳои бонкӣ, таъсис додани Шӯрои нозирон дар ташкилотҳои суғуртавӣ, таъсис додани намояндагиҳо дар минтақаҳои кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои нави суғуртавӣ ба аҳолӣ, вусъат додани робита бо ҷомеа дар самти маърифатнокии суғуртавӣ, шомил гардидани ташкилотҳои суғуртавӣ ба Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, ба меъёрҳои муайянгардида мутобиқ намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, содда ва шаффоф роҳандозӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ ба аҳолии кишвар, тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку