Дар бораи КВД “Тоҷиксуғурта”

Бойгонии ахбор
16.07.2021

Дар бораи КВД “Тоҷиксуғурта”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2021, таҳти №112 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бинобар тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 13 ноябри соли 2022 иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи КВД “Тоҷиксуғурта”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2017, таҳти №166 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку