Ба муомилот баровардани пулҳои коғазии арзишашон 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021

Бойгонии ахбор
21.07.2021

Ба муомилот баровардани пулҳои коғазии арзишашон 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021

Бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад.

20a.jpg

Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

20b.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

50a.jpg

Маврид ба зикр аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.

50b.jpg


Шуъбаи матбуот


Возврат к списку