Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2021, таҳти №121 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо мақсади устувории молиявии низоми суғуртаи кишвар дархости Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии “Тоҷиксармоягузор” ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома бинобар ҷавобгӯ набудани фаъолияти он ба талаботи қонунгузории соҳавӣ, қонеъ карда нашуд.
Дар робита ба иҷрои қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот