Мутобиқи Нақшаи кории Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) барои соли 2021 ва нақшаи гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои минтақавии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз 3 то 5 августи соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи кории ин ниҳоди байналмилалӣ бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии кишвар вохӯриҳо анҷом дод.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вохӯриҳои намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусиро бо коршиносони ГАО ташкил намуд, аз ҷумла:
3-юми августи соли 2021 – бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
4-уми августи соли 2021 – бо намояндагони мақомоти назоратӣ (Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон);
5-уми августи соли 2021 – бо намояндагони бахши хусусӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ, корхонаҳо ва ихтисосҳои ғайримолиявии муқарраршуда).
Ҳадаф аз ин вохӯриҳои сайёр, ҷамъоварии маълумоти иловагӣ ва муҳокимаи ихтилофоти назар аз натиҷаи баҳогузории хавфҳои минтақавӣ бо намояндагони дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳеҳ кардани дараҷаи алоқамандии онҳо ва баланд бардоштани воқеияти хулосаҳои қаблан исролшудаи бахшҳои давлатии кишвар маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар заминаи пурсиши ҷониби ГАО баҳодиҳии хавфҳои минтақавӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қаблан аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар гузаронида шуда, дар ҷараёни вохӯриҳо хулосаи мутавассити хавфҳои минтақавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
Тибқи тартиби дохилии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, бо мақсади коҳиш додани хавфҳои муайяншудаи минтақавӣ аз натиҷаи вохӯриҳо ҳисоботи баҳодиҳии хавфи минтақавӣ таҳия ва дар ҷаласаи навбатии Пленарии ГАО муҳокимаронӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи “Баҳодиҳии хавфи минтақавӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” коршиносони ГАО дар баробари баҳодиҳии хавфҳои минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вохӯриҳоро дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Беларус ва Федератсияи Русия низ дар ин самт давра ба давра мегузаронанд.