18 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои заҳмати софдилонаву хизмати содиқона ва фаъолияти пурсамару дастовардҳои назаррас дар самту рушди низоми бонкии кишвар Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ордени Шараф дараҷаи II мукофонида шуд, ки ин далели таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба низоми бонкӣ ва қадр кардани талошҳои роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, аҳли кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раиси муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматуллоро барои сарфароз гардидан бо ордени Шараф дараҷаи II самимона табрик менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ордени Шараф ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати давлатӣ ва ҳарбии намунавӣ ва фаъолияти босамари ҷамъиятӣ тақдим карда мешавад.
Шуъбаи матбуот